Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-таҳқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти №466 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шудааст.
Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисодиёти ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷунбишҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад.
СОХТОРИ ИНСТИТУТ
1.Шуъбаи ИДМ
-Бахши таҳқиқоти Россия
2.Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёна
-Бахши арабшиносӣ
-Бахши туркшиносӣ
3.Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
4.Шуъбаи Аврупо
5.Шуъбаи ШМА ва Канада
ЛОИҲАҲОИ ИНСТИТУТ
- Таърихи ҳамкории муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо: дастовардҳо ва дурнамои он (барои солҳои 2019-2023)
- Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои асосии ҳамкорӣ: мушкилот ва дурнамо (барои солҳои 2019-2023)
- Тамоюлҳои рушди вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва масоили амниятӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна (барои солҳои 2021-2025)
- Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он (барои солҳои 2021-2025)
- Масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои геополитикӣ ва интегратсионии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ (барои солҳои 2021-2025)
САМТҲОИ ҲАМКОРӢ
-таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
-омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сиёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
- бурдани таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, бехатарӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои дохилӣ ва фаромиллӣ (аз ҷумла дар мубориза бо ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ);
-омӯзиши масъалаҳои ваҳдатсолорӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ дар низоми ҷомеа, низоъҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти маҳалгароӣ, зиддияти байни маҳалҳо ва қавмҳо;
- ташкили конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
-ташкили назарсанҷӣ ва пурсишҳо дар қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯъҳои мухталиф;
-ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33
Индекс: 734025
Телефон: 221-03-28
E-mail: info@osiyoavrupo.tj
Сомона:http://www.osiyoavrupo.tj